Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти СҲИ дар Ҳирот


Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, кишвари вай ва ҳамсоядавлатҳои минтақавӣ бояд амалиёти густардаи зиддитеррористиро ба роҳ монанд, то тавонанд аз захоири фаровони табиӣ истифода карда тиҷорати ҳамаҷонибаро миёни худ инкишоф диҳанд.

Карзай ин изҳоротро дар нишасти шӯрои вазирони узви Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри ғарбии Ҳирот баён дошт.

Вай гуфт, Афғонистон метавонад чун пули пайвандгари 10 давлати узви ин созмон хизмат кунад.

Ба узвияти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Афғонистону Озарбойҷон, Эрону Покистон, Туркия ва панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна шомил ҳастанд. Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини аввали вазири хориҷа Абдулло Юлдошев намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG