Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозпурсиҳо дар робита ба таркишҳои Карочӣ


Муфаттишони покистонӣ гуфтаанд, ки дар робита бо ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони нахуствазири собиқи кишвар Беназир Бҳутто се нафарро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Ин ҳодиса се рӯз қабл дар Карочӣ рух дод. Бар асари таркиши маргталабона 136 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ахиран, пулис акси шахсеро ба нашр расонид, ки иҷрокунандаи ин таркиш маҳсуб меёбад.

Ҳамлаи мазкур соатҳо баъди бозгашти Беназир Бҳутто аз табъиди ихтиёрии ҳаштсолааш ба ватан рух дод. Вай ният дорад, дар интихоботи парлумонии Покистон иштирок кунад.

Худи хонум Бҳутто дар ҳодисаи мазкур ҷангиён ва пуштибонони раҳбари собиқи низомии кишвар Муҳаммад Зиё-ул-Ҳақро гунаҳгор мекунад.

XS
SM
MD
LG