Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Гейтс ба Киев, Анкара ва Прага


Имрӯз, қарор аст, вазири дифои ИМА Роберт Гейтс барои анҷоми як сафари дурӯза вориди Киев, пойтахти Украина шавад.

Рӯзи душанбе вай бояд як мулоқотеро бо раисҷумҳур Виктор Юшенко анҷом диҳад ва баъд ба самти Туркия, барои мулоқот бо ҳамтои туркаш Вечди Гӯнул парвоз кунад.

Сафари мазкур дар шароите баргузор мешавад, ки ахиран парлумони Туркия ба мувофиқа расид, ки артиши худро барои муқобила бо шӯришиёни курд ба шимоли Ироқ фиристад. ИМА аз Туркия хостааст, аз иҷрои чунин барномаҳо даст кашад.

Баъдан, рӯзи сешанбе Роберт Гейтс вориди пойтахти Ҷумҳурии Чех - шаҳри Прага мешавад, то ки масъалаҳои истиқрори радари зиддимушакии Амрико дар хоки Чехияро баррасӣ кунад. Маскав ба ин барнома мухолифат нишон дода гуфтааст, ки ин барнома зидди Русия нигаронида шудааст.

XS
SM
MD
LG