Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигарандеш аз аъмоли собиқ афсарони КГБ ризо нест


Владимир Буковский яке аз дигарандешони маъруфи даврони Шӯравӣ собиқ афсарони КГБ-ро бо "маҳви боқимондаҳои демократия дар Русия" муттаҳам кард. Буковский, ки моҳи равон ба Русия баргаштааст, дар як гирдиҳамоӣ дар назди 300 ҳаводораш дар Маскав суханронӣ намуд. Ҳукумати Шӯравӣ Буковскийро ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Вале соли 1976 ӯро аз Иттиҳоди Шӯравӣ ихроҷ намуданд.Буковский мегӯяд, ки соли 2008-ум барои курсии президенти Русия талош меварзад.

XS
SM
MD
LG