Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бухориҳои махсуси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 300 кило маводи мусодирашуда маҳв гардид.

Бино ба омори бунёди екатеринбургии «Шаҳри бидуни маводи мухаддир», дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои вилояти Свердловски Русия бо айби қочоқи маводи мухаддир 1200 шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд, ки 540 нафарашонро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Татяна Мирзякова, масъули бахши ҳуқуқи башари ин бунёд, гуфт, қабл аз омададанаш ба Душанбе бар ин бовар будааст, ки дар ин кишвар аз ҷониби ҳукумат ягон чора мушаххас ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир андешида намешавад, вале акнун ботил будани ин гумонашро дарк намудааст..

Тибқи маълумоти бунёди мазкур, дар зиндонҳои вилояти Свердловск бо иттиҳоми қочоқи мавводи мухаддир аслан мардуми одии Тоҷикистон ба сар мебаранд, аммо дар маҳбасҳо сардорони гурӯҳҳои мафиозии қочоқбар қариб ки ба назар намерасанд.

Ба гуфтаи Татяна Мирзякова, фаъолияти намоядагиҳои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Свердловс дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ба таври зарурӣ ва ҷавобгӯи талабот набудааст.

Аваз Юлдошев, сухангӯйи Оҷонсии давлатии мубориза бо гардиши ғайриқонунии мавводи мухаддири Тоҷикистон, мегӯяд, теъдоди мусодирашудаи маводи мухаддир дар 9 моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта 23 дар сад афзоиш ёфтааст, аммо ҳодисаҳои дар хориҷа боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи мавводи мухаддир ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Бино ба омори Оҷонсӣ, дар тули 9 моҳи ахир дар Тоҷикистон 4,5 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисфи онро ҳероин ташкил медодааст.

XS
SM
MD
LG