Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбеи 21 октябр дар Қирғизистон назархоҳии умумимардумӣ дар бораи конститутсияи нави ин кишвар доир мешавад.

Мардуми Қирғизистон ва ба вижа ҳукумати ин кишвар умед доранд, ки конститутсияи нав баъди беш аз ду соли ба истилоҳ "инқилоби лолагӣ" танишҳои иҷтимоиро рафъ менамояд. Дар ин санад мувозинати бештаре миёни шохаҳои иҷроия ва қонунгузор мушоҳида мешавад.

Тибқи қонуни асосии нав дар Парламенти Қирғизистон 90 вакили мардумӣ ифои вазифа хоҳанд кард. Ҳоло шумораи депуптатҳои Жогорку Кенеш ба 75 нафар баробар аст. Ҳамчунин агар санад ба тасвиб расад, дар Қирғизистон ҳукми эъдом лағв хоҳад шуд. Шаҳрвандони Қирғизистон ҳақ пайдо мекунанд, бидуни гирифтани иҷозатнома гирдиҳамоиҳои осоишта барпо намоянд. Президенти кишвар ҳақ нахоҳад дошт, ки беш аз ду даври комил раёсатҷумҳурии кишварро бар дӯш дошта бошад. Дар замони раҳбарӣ президент имкон нахоҳад дошт, ки дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ё эътилофе ширкат варзад.

Дар моҳи ноябри гузашта мухолифини ҳукумат бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ ташкил намуда, аз президент Боқиев тағйири конститутсияро талаб карданд. Боқиев ба зудӣ як лоиҳаи сарқонунро тартиб дода, вакилони мардумӣ онро ба тасвиб расонданд. Ҳамин тариқ, як идда салоҳиятҳои президент ба парламент гузашт.

Вале дар моҳи декабри соли гузашта депутатҳои ҷонибдор аз Боқиев бори дигар тағйиру илова ба конститутсияи Қирғизистонро тасвиб карда, бархе аз салоҳиятҳоро ба раисҷумҳур тақдим намуданд.

Билохира, моҳи гузашта Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон ҳукм баровард, ки ҳам конститутсияи моҳи ноябри гузашта ва ҳам тағйиру иловаҳои дар моҳи декабри гузашта ворид гардида, аз эътибор соқит шаваду муваққатан то қабули конститутсияи нав сарқонуни соли 2003-ум амал намояд. Вале бархе аз мухолифон мегӯянд, назархоҳӣ дар рӯзе доир мешавад, ки хилофи қонун аст ва он бояд баъди қабули қонун дар бораи референдум баргузор гардад.

Вале сарфи назар аз шикоятҳо назархоҳӣ барпо хоҳад шуд ва бар илова раъйдиҳандагон фақат як имкон хоҳанд дошт, ки ба ҳамаи тағйиру иловаҳо ё "ҳа" ва ё "не" гӯянд. Чунин имконе пешбинӣ нашудааст, ки раъйдиҳандагон баъзе иловаҳоро дастгирӣ кунанду дигарашро рад намоянд.

Агар мардуми Қирғизистон констиутсияи навро бипазирад, ҳукумат бояд истеъфояшро эълон намояд ва дар ин кишвар интихоботи нави парламентӣ барпо шавад. Дар он на афроди алоҳида, балки ҳизбҳо сабқат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG