Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳсулоти кӯҳна дар дӯконҳои Тоҷикистон


از زمان پیروزی اوباما این چندمین واکنش مثبت مقامات ایرانی به انتخاب او به عنوان رییس جمهور آمریکاست. (عکس: epa)

از زمان پیروزی اوباما این چندمین واکنش مثبت مقامات ایرانی به انتخاب او به عنوان رییس جمهور آمریکاست. (عکس: epa)

Аз 223 ширкату корхонаи кишвар барои ворид кардан ва ба фурўш баровардани моли пастсифат товон ситонида шудааст.

Оҷонсии «Тоҷикстандарт» дар 9 моҳи ахири соли равон дар кишвар ҳудуди 2 300 санҷиш гузаронидааст, ки 54 дар сади онро ҳолатҳои вайрон намудани қонун ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти хурокворӣ дар дӯконҳо ва корхонаҳои тавлиди маводи истеъмолӣ ташкил намудааст. Ибодулло Қурбонов, муъовини аввали раиси Оҷонсии «Тоҷикстандарт», гуфт, аксар вақт талаботи қонунҳои Тоҷикистон аз ҷониби тоҷирон вайрон шуда, онҳо молҳои пастсифатро ба сокинони кишвар пешниҳод мекунанд, ки ин ба саломатии мардум зарари ҷиддӣ дорад. Вай афзуд, масалан, нозирони мо ва коркунони кумитаи амният дар анборҳои маркази савдои «Орима» маҳсулоти зиёдеро ошкор карданд, мӯҳлати истифодаашон гузашта буд ва масъулини ин маркази савдо онҳоро барои фуруш таҳия мекарданд.

Гуфта мешавад, дар бозорҳои Тоҷикистон молҳои ғайристандартии ҳаҷман бузург низ барои истеъмол ба мардуми кишвар фурӯхта мешавад. Ба наздикӣ кормандони Оҷонсии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд аз як тоҷир беш аз 300 тонна қанди ғайристандартиро ошкор ва мусодира кардаанд.

Корхонаи «Равғани тоҷик», ба ҷои он ки дар ҳудуди Тоҷикистон равғани босифат истеҳсол кунад, аз кишварҳои ҳамсоя равғани бесифатро харида, онро дар зарфҳои плостикӣ рехта, бо нархи гарон ба фурӯш мегузоштааст.

Ба гуфтаи Саодат Абдуллоева, роҳбари идораи назорати хӯроквории Оҷонсии «Тоҷикстандарт», корхонаи «Равғани тоҷик» дер боз маҳсулоти аз дигар давлатҳо воридшударо мефурӯхтааст. Вай афзуд, дар ин корхона солҳои ахир аз хориҷи кишвар равғани покношударо меоранд ва онро ба зарфҳои худ рехта мефурӯшанд.

Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми камтарини ҷарима аз ин намуди қонуншиканӣ баробар ба 100 ҳадди ақали маош, яъне ҳудуди 2000 сомониро ташкил медодааст. Аммо шумораи корхонаҳое ки мавриди ҷаримаситонӣ қарор гирифтаанд, 223 ададро ташкил додааст ва аз онҳо дар ҳаҷми беш аз 28 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

XS
SM
MD
LG