Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА таҳрими Мянмарро тавсеа медиҳад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш эълон кард, ки таҳрими режими низомиёни Мянмар тавсеа меёбад. Ба қавли раҳбари амрикоӣ мақомоти Мянмар тақозои байналмилалии таваққуфи таъқиби ҷонибдорони демократияро нодида мегиранд. Президент Буш гуфт, ки боз чанд раҳбари дигари Мянмарро дар рӯйхати раҳбарони мувоҷеҳ бо таҳрими молӣ ва сафарӣ шомил намудааст. Ҳамчунин президенти ИМА ба вазорати тиҷорати ин кишвар дастур додааст, ки назорати содирот ба Мянмарро шадидтар кунад. Ин дувумин бастаи таҳримҳои ИМА бар зидди Мянмар аст, ки дар давоми як моҳи гузашта қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG