Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насбкунандаи навори куштор айбдор дониста шуд


Шахсе, ки мегуфт, ӯ навори видеои куштори ду нафарро дар шабакаи интернет ҷой додааст, аз тарафи мақомоти Русия бо ангезиши нафрати байниқавмӣ айбдор дониста шуд. Чанд моҳ пеш дар навори семинутии видео ду мард бо дасту пои баста, ки гӯё яке аз Тоҷикистон асту дигаре аз Доғистон намоиш дода шуданд. Дар навор яке аз онҳоро сар аз тан ҷудо ва дигареро бо силоҳи оташфишон ба қатл мерасонданд.

Шахси муттаҳам иброз дошт, ки наворро ба воситаи паёми интернетӣ аз шахси номаълум дастрас намуда, сипас дар саҳифаи интернетӣ ҷой додааст. То ҳол иттилое пахш нашудааст, ки навор маҳсули дасти кист ва агар навор воқеӣ бошад, тоҷику доғистониро кӣ ба қатл расонд?

XS
SM
MD
LG