Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бҳутто:" Ба ҷангҷӯён таслим намешавам!"


Собиқ сарвазири Покистон Беназир Бҳутто аҳд кардааст, ки ҳеҷ гоҳ ба ҷангҷӯён сар хам накунад. Шаби панҷшанбе дар шаҳри Карочӣ дар ҷараёни тазоҳурот ба муносибати бозгашти Бҳутто таркише ба амал омад, ки дар натиҷаи он беш аз 130 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Бҳутто гуфт, ки эҳтимол дар оянда шумораи ин қабил ҳамлаҳо афзоиш ёбад. Собиқ сарвазири Покистон афзуд, ки ӯ ва гурӯҳи зери раҳбарии ӯ: Ҳизби Мардумии Покистон тасмим гирифтаанд, дар интихоботи парламентии моҳи январ сабқат намоянд.Бҳутто баъди ҳиҷрати ҳаштсола 18 октябр ба Покистон баргаштааст.

XS
SM
MD
LG