Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии баён дар Тоҷикистон


Ин навбат «Чашмандоз» ба вазъи матбуот ва озодии баён ва дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ду маврид баҳонаи матраҳ кардани ин мавзуъ дар «Чашмандоз»-и ин навбатро пеш овард. Яке гузориши солиёнаи Солзмони ҷаҳонии гузоришгарон в ё хабарнигорони бидуни марз ва ҳамзамон бо ин иттифоқан пешниҳоди ислоҳоти Қонуни матбуот ва дигар расонаҳои хабарӣ ва ё васоити ахбори умуми Тоҷикистон.

Дар гузориши хабарнигорони бидуни марз дар соли 2007 Тоҷикистон назар ба соли қабл ду зина пешрафт нишон додааст. Аммо созмонҳои журналистии Тоҷикистон Қонуни фаъоли матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умумиро ба мавозини феълии ҳуқуқи журналистӣ то ҳадде кофӣ бошад созгор намедонанд ва хостори таҳрири ин қонун шуда ва ба ин манзур як гуруҳи корӣ низ таҳия карданд, ки бояд тарҳи ислоҳотро таҳия ва ироа кунад.

Ҷои ёдоварист, ки Қонуни матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умумии Тоҷикистон дар соли 1990 аз суи порлумони охирин даъвати Тоҷикистони шуравӣ қабул шуд, ки барои аввалин бор озодиҳои нисбиеро дар амри хусусан таъбу нашри матбуот ба бахши хусусӣ низ дод. Дар чанд маврид тӯли ин солҳо ба бандҳое аз ин Қонун ислоҳот ворид шудааст. Дар соли 2002 як гуруҳи корӣ иборат аз мутахассисони САҲА ва Интернюс ва ҳуқуқдонони дохилӣ тарҳе аз ин қонунро таҳия ва барои мақомот ироа карданд, ки мавриди пазириш қабул нашуд.

Ба манзури баррасии ин ва ҳамчунин вазъи озодии баён дар студияи Душанбеи Радиои Озодӣ мизи гирде доир намудем. Дар ин мизи гирд иштирок доранд:

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани мустақили расонаҳои миллӣ,

Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи тавқифшудаи «Рузи нав»,

Ҳуринисо Ализода, сардабири маҷалаи «Бонувони Тоҷикистон», ки муассиси он раисҷумҳури Тоҷикистон аст,

Ва Иброҳим Усмонов, профессор, устоди донишгоҳ ва аз мақомоти пешини сиёсати расонаӣ дар Тоҷикистон.

Дар воқеъ ин пешрафт, ки дар гузориши Хабарнигорони бидуни марз зикр шуда то қуҷо ҳақиқат дорад ва агар дорад, замина ва далоили он чист ва зарурати тағйири Қонуни матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум дар чист? Бишнавед.

Вобаста

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG