Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҳайъати музокиракунандаи Эрон дигар шуд


Имрӯз сухангӯи ҳукумати Эрон Ғулом Ҳусейн Илҳом эълон кард, ки раиси ҳайъати музокиракунандаи Эрон Алии Лориҷонӣ ба истеъфо рафт. Хабаргузории расмии Ирно навиштааст, ки президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод истеъфои Лориҷониро пазируфтааст. Хабаргузориҳои эронӣ аз қавли Илҳом овардаанд, ки ба ҷои Лориҷонӣ раҳбарии ҳайъати эрониро муовини вазири корҳои хориҷӣ Сайид Ҷалилӣ бар ӯҳда гирифтааст.

Лориҷонӣ раҳбарии ҳайъати Теҳрон дар музокироти барномаи ҳаставии Ҷумҳурии Исломиро бар дӯш дошт. Истеъфои Лориҷонӣ дар ҳоле ошкор шуд, ки то даври навбатии музокироти барномаи ҳаставии Эрон миёни ҳайъатҳои Ҷумҳурии Исломиву Иттиҳодияи Аврупо ҳамагӣ се рӯз мондааст. ИМА бар ин назар аст, ки Теҳрон пинҳонӣ дар паи тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад. Теҳрон ин айбномаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG