Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони амрикоӣ аз мақом маҳрум шуданд


Чандин афсари нирӯҳои ҳавоии Амрико аз мақомҳои баланди худ маҳрум шуданд.

Гуноҳи онҳо дар саҳлангорӣ будааст, ки боиси вуқуи садамаи марбут ба мушакҳои ҳастаӣ мебошад.

Генерал-майор Ричард Нютон, муовини раиси ситоди нирӯҳои ҳавоии ИМА гуфт, баъзе афсарон бояд барои саҳлангориашон дар додгоҳ посух гӯянд.

Қазия ин аст, ки дар охири моҳи август ҳавопаймои бомбафкани Би-52, ҳомили мушаки ҳастайӣ, дар осмони ИМА як парвозе анҷом додааст. Ин ҳодисаро чун дағалтарин иштибоҳе дар муносибат бо аслиҳаи ҳастаӣ дар даҳ соли охир арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG