Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арӯсии ҷавонон аз хонаводаҳои нодор


Дар нимаи дуввуми мояи ноябр дар як рӯз дар минтақаи Кӯлоб муштаракан сад сури арӯсӣ барпо хоҳад шуд. Дар ин бора раҳбари намояндагии Кумитаи имдоди ба номи Хумайнӣ дар Кӯлоб, Абдуғаффори Солеҳ, ба хабаргузории "Авесто" иттилоъ додааст. Ба гуфтаи кормандони ин ниҳоди хайрия, ба ҳар яке аз ҷуфтҳои нав ба маблағи сеҳазордолларӣ ҷиҳози зиндагӣ тақдим мешавад. Аксарияти ҷавонон ва духтароне, ки зимни ин барнома издивоҷ мекунанд, аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд. Созмони мазкур бори чандум аст, ки чунин арӯсиҳои якҷояро баргузор мекунад ва то ҳол зиёда аз 1000 нафар аз кӯмакҳои ин барнома истифода кардаанд.

XS
SM
MD
LG