Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул: Эрон бо мост, на бо Толибон


Афғонистон мегӯяд, далеле дар миён нест, ки Эрон дар расондани силоҳ ба ошӯбгарони толиб даст дошта бошад. Вазири умури хориҷии Афғонистон, Рангин Додфар Сипанто имрӯз дар ҷараёни сафараш ба Ҳирот, шаҳре дар ғарби Афғонистон, гуфт, Эрон дӯсти Афғонистон аст ва дар бозсозии Афғонистон нақши бузург мебозад. Генерали Иёлоти Муттаҳида ва фармондеҳи нирӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон Ден Макнил рӯзи панҷшанбе гуфт, интиқоли бомбаҳои сарироҳӣ ба Афғонистон аз Эрон сарчашма гирифтааст ва даргумон аст, низомиёни Эрон аз ин қазия бехабар бошанд.

XS
SM
MD
LG