Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Масъуди Барзанӣ аз Туркия


Раҳбари манотиқи курднишини Ироқ имрӯз аз Туркия хост, вориди гуфтушуниди мустақим бо ҳукумати мухтори ин минтақа шавад. Вай афзуд, мардуми минтақа дар баробари мудохилаи ҳарбии Туркия аз худ дифоъ хоҳанд кард. Суханони Масъуди Барзанӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки ду рӯз пеш порлумони Туркия вуруди артиши ин кишварро ба шимоли Ироқ, барои саркӯб кардани шӯришиёни Ҳизби коргари Курдистон қонунӣ эълон кард. Ҳизби коргари Курдистон аз соли 1984 ба ин сӯ барои мухторияти минтақаи ҷанубушарқи Туркия меҷангад. Дар ин низоъ зиёда аз 30 000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG