Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мавҷи Хингоб" чоп шуд


Пас аз 15 соли таъсиси ноҳияи Тавилдара нахустин шумораи нашрияи мақомоти иҷроияи он бо номи «Мавҷи Хингоб» аз чоп баромад, ки бозтоби зиндагии мардумро дар ин минтақаи дурафтода ҳадаф қарор додааст.

Гулчеҳра Раҳимова - муовини раиси ин ноҳия чопи нашрияро дар инъикоси ҳаводиси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми Тавилдара муҳим хонд. Вай гуфт, аз таъсиси ноҳияи Тавилдара, ки беш аз 15 сол сипарӣ мешавад, адами як нашрияи иттилоотӣ дастрасии сокинони ин навоҳиро ба иттилоот мушкил сохта буд.

Хонум Раҳимова гуфт, чопи «Мавҷи Хингоб» ба осонӣ ба даст наомада аз ин ба баъд нашрия ба як минбари навиштаҳои сокинони маҳалӣ табдил хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиноси маҳаллӣ Мирзошохи Акобир, нашрияҳои мақомоти маҳаллии ин навоҳӣ, умдатан матолиби расмиро руи чоп оварда аз мавзӯоти муҳими марбут ба мушкилоти мардум канорагирӣ мекунанд. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, ин нашрияҳо аз мқкоми вижае дар миёни сокинони минтақа бархурдор набудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бар тибқи иттилоъи масьулини ҳукумати ноҳияи Тавилдара, нашрияи «Мавҷи Хингоб» дар моҳ як бор ҳамагӣ ба теъдоди 500 нусха рӯи чоп омада ва он ҳам дар чопхонаҳои Душанбе ба нашр мерасидааст. Аммо тибқи мушоҳидаҳо, нашрияҳои дигари маҳаллии навоҳии минтақа чунин вазь дошта ва он ҳам ба иллати мушкилоти мавҷудаи молӣ аллакай ба моҳномаву ҷашнвора табдил ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG