Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Алмаато бо талоши адибу донишманди тоҷики муқими Қазоқистон Қодири Рустам «Девони Рӯдакӣ» ба нашр расид.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар, ҳарчанд то имрӯз девони сершумори Одамушшуаро ба табъ расида, вале ағлаби онҳо дорои нуқсону ғалатҳои зиёданд ва ин омил донишмандро водор сохтааст, ки муҷаддадан даст ба омода кардани девони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ занад.

Қодири Рустам гуфт, вай ба ин кор 5 сол муқаддам оғоз карда буд ва дар ин муддат анқариб тамоми ашъори дар маъхазҳо мавҷудбудаву дарҷ гардидаро биомӯхт ва онҳоро бо ҳам муқоиса кард ва дар натиҷа чандин байт ва мисраъҳои ба устод Рӯдакӣ мутааллиқро пайдо намуд ва бар илова даҳҳо байти иштибоҳан ба девони Устоди назми форсӣ воридшударо ба соҳибонашон баргардонд.

Дар ин китоб қасоиду тағаззул, қитъа, рубоиёт, абёти пароканда ва абёти боқимонда аз маснавиҳо гирд оварда шудаанд ва таҳиягари китоб ба онҳо дар ҳаҷми беш аз 100 саҳифа тавзеҳ навиштааст. Донишманди шинохтаи тоҷик Сафар Абдулло, ки китоб таҳти назари вай чоп шудааст, бар ин аст, ки девони Рӯдакии ҳозиркардаи Қодири Рустам аз мукаммалтарин ва беҳтарин девони Устод аст.

Тавре Қодири Рустам таъкид кард, барои дар арафаи 1150 солагии поягузори адабиёти форс -тоҷик устод Абӯабдулло Рӯдакӣ рӯи чопро дидани ин китоб, ба вай чанд тан аз дӯстонаш мадад расониданд. Аз ҷумла, донишманди фозил Ҷумъабой Азизқулов, ки аз Тоҷикистон барояш матолиби марбут ба Рӯдакиро мерасонд, доктор Сафар Абдулло, ки аз Эрон китобҳои нопайдоро ба дастрасияш қарор медод ва китоб низ таҳти назари вай чоп шудааст, ва дӯсташ Абдухалил Холиқзода, ки барои чопи китоб ёрии молӣ расонидааст. Теъдоди асосии девон бо кӯмаки Баҳром Холназаров - сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шуд.

«Девони Рӯдакӣ», ки дар нашриёти «Атамура»-и Алмаато 1000 адад ба нашр расидааст, сеюмин асари таҳиякардаи адиб ва донишманди тоҷик Қодири Рустам аст, ки онҳо дар Қазоқистон рӯи чопро дидаанд. Қаблан, маҷмӯаи қиссаву ҳикоя ва мақолаҳояш бо номи «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» чоп гардид ва соли гузашта бо кӯшиши нависанда асари маъруфи «Таджики»- и Александр Шишов , ки 100 сол қабл дар Тошканд ба табъ расида буд, ба хатти имрӯзаи сириллик баргардон шуд ва ба он донишманд шарҳи мукаммале навишт.
Адиб Қодири Рустам, ки худ низ ба Тоҷикистон бо дастовези «Девони Рӯдакӣ»-и омоданамудаи хеш баргаштанист, дар оянда мақсад дорад, ки пажӯҳиши хешро дар мавриди шеъри поягузори назми форсӣ- тоҷикӣ идома дода, асари тозаеро дар бораи таъсири шеъри Рӯдакӣ ба шоирони дигари форсигӯ таълиф намояд.
XS
SM
MD
LG