Пайвандҳои дастрасӣ

Интизориҳои беҳосили муҳоҷирони тоҷик


عباسعلی نورا نماینده زابل در مجلس هشتم و عضو کمیسیون برنامه و بودجه مجلس شورای اسلامی ایران

عباسعلی نورا نماینده زابل در مجلس هشتم و عضو کمیسیون برنامه و بودجه مجلس شورای اسلامی ایران

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳукумати Русия ба дархости онҳо роҷеъ ба тахсиси саҳмияи ҷои кор барои ҳаштсад ҳазор нафар муҳоҷири корӣ посух надодааст.

Шукурҷон Зуҳуров - вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, бо гузашти ҳудуди як сол аз ирсоли ин дархости ҳукумати Тоҷикистон ва таъкиди ин масъала дар музокироти мухталифи мақомоти ду кишвар, то кунун аз суи ҳукумати Русия посухе дарёт нашудааст.

Ба гуфтаи оғои Зуҳуров, феълан, муҳоҷирони корӣ гирифтори мушкилоти фаровони ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳастанд ва дар мавриди танзими раванди муҳоҷират музокирот миёни ду ҷониб ва ҳайъатҳои кории Тоҷикистону Русия ҷараён дорад. Интизор меравад, дар авоили соли оянда, яъне то се моҳи дигар як созишномае миёни ду кишвар дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ба имзо бирасад. Ва зимни он, гуфт вазири кори Тоҷикистон, имкон дорад, масъалаи додани саҳмияи ҷойи кор барои Тоҷикистон низ мушаххас шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти русӣ бо вуҷуди ниёзи Русия ба ҳудуди бештар аз шаш миллион нируи корӣ корхона ва муассисоти ин кишвар танҳо барои яку ним миллион нируи корӣ дархост иросл кардаанд. Ба ин далел, ҳукумати Русия натавонистааст, то кунун ба дархости Тоҷикистон посухи мушаххас бидиҳад.

Аммо ба назари коршиносон, то кунун корхонаҳои Русия аз меҳнати муҷоҷирони корӣ ба сурати ғайри расмӣ истифода мекарданд ва ин боис мешуд, ки ҳаққи камтаре ба онҳо пардохт кунанд ва корхонаҳо низ ба буҷаи давлат молиёти камтаре бисупоранд ва руиҳамрафта ин ба нафъи корфармоён буд. Ба ин далел, корхонаҳо ниёзи худ ба нируи кориро ба сурати расмӣ намехоҳанд эълон кунанд.

Феълан низ аз артиши ҳадди ақал якмиллионнафарии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ба гуфтаи вазири кори Тоҷикистон, танҳо бист дар сади онҳо ба сурати расмӣ машғули кор аст ва ҳаштод дарсади ин муҳоҷирон ҳамчунон билотаклиф ва бидуни қарордод ва ғайриқонунӣ машғули коранд.

XS
SM
MD
LG