Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овозаҳои дурӯғ ва Яғноб


Дуруду сад дуруд ба якояки шумо. Ин барномаро, ки ҳоло рӯи ин сафҳа дар борааш мехонед, ҳамчунин имкони шуниданашро ҳам доред. Танҳо рӯи рамзи радио дар тарафи рости сомона клик карданатон кофист. Барнома бо ахбор оғоз мешавад ва дар он ҳамчунин матолиби вижае низ омода шудаанд. Ба мисли ....

Яғноб

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши нахустини байналмилалӣ дар мавриди водии Яғноб таҳти унвони “Гузаштаву имрӯз ва ояндаи Суғди бостон” оғоз шуд. Ин водии баландкӯҳи Тоҷикистон, ки феълан чанд деҳаи хурд дорад, замоне паноҳгоҳе барои ҳазорон мардум буд ва урфу анъанаву забони мардуми он ҷо ба куллӣ аз мардуми дигар сокинони Тоҷикистон фарқ мекунад. Дар робита ба ин конфронс ва вазъи ҳозираи водии Яғноб бо Муҳаббати Холназар, донишманди тоҷик сӯҳбате доштам ва ин сӯҳбат дар барномаи радиоӣ қобили шунидан аст.

Ғайбат

Ғайбат ва ё овозаҳои дурӯғ дар ташаккули афкори як фард нисбат ба фарди дигар нақши зиёд доштааст, ҳатто агар инсонҳо доир ба фарди ғайбатшуда иттилоъи воқеъӣ ва баръакс дошта бошанд. Донишмандони олмонӣ барои ошкор кардани он ки чӣ гуна ғайбат метавонад муносибати як фард ба фарди ғайбатшударо тағйир диҳад, як чунин пажӯҳиш анҷом додаанд. Ралф Соммерфелд, яке аз муаллифони таҳқиқот аз Донишгоҳи Макс Планки Олмон дар суҳбат бо маҷаллаи Илм ва Фанноварӣ гуфт,.... ҳарфҳои оқои олими олмониро дар барнома метавонед бишнавед.

XS
SM
MD
LG