Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиш ва зан дар Тоҷикистон


Тӯли ду рӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зан ва варзиш» нахустин конфронси ҷумҳуриявӣ идома кард.

Конфронс бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар доир гардид. Дар конфронс 35 нафар занон – намояндагони ташкилоту идораҳои давлатии соҳа ва созмону федеросиюнҳои варзишӣ аз манотиқи мухталифи кишвар – ширкат доштанд.

Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, конфронс ба баландшавии сатҳи касбии кормандони соҳа ва рушди баъдии варзиш байни занону духтарон мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG