Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон нирӯ ва силоҳи бештар мехоҳад


Вазири дифои Афғонистон мегӯяд, нирӯҳои мусаллаҳи кишвараш барои ҷангидан бо Толибон ба сарбоз ва таҷҳизоти бештар ниёз доранд. Абдулраҳими Вардак дар ҷараёни сафараш ба Вошингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида, гуфт, бомбагузориҳои худкушона дар Афғонистон дар як соли гузашта 50 дарсад афзоиш ёфт. Вай афзуд, барои бар дӯш гирифтани вазифаҳои НАТО дар Афғонистон, артиши ин кишвар ба сарбоз ва тавонмандиҳои дигари низомӣ эҳтиёҷ дорад. Генерал-майори Иёлоти Муттаҳида Роберт Кон гуфт, артиши Афғонистон ба 60 дастаи байнулмилалии таълими ҳарбӣ ниёз дорад, то пешрафти онро таъмин кунанд. Ҳоло теъдоди чунин дастаҳо ҳамагӣ 22 адад аст.

XS
SM
MD
LG