Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯафтии рекордии қурби доллар


Қурби доллари Амрико дар баробари евро ба пасттарин нуқтаи рекордӣ фурӯ афтод. Арзиши евро дар муқобили доллар ба яку аз даҳ 43 доллар ҷаҳид, ки баландтарин нуқтаи қурби он аз оғози таъсисаш дар соли 1999 мебошад. Таҳлилгарон инро далели заъфи иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида ва пешхабари коҳиши бештари дарсади баҳраи пул дар ин кишвар меноманд. Тағйир дар арзишҳо замоне ба миён афтод, ки нархи нафт ба баландтарин нуқтаи 90 доллар як бушка ва нархи тило ба дараҷаи дар 28 соли охир рекордии 770 доллар барои як унсия баробар гашт.

XS
SM
MD
LG