Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дуздии баъзе роҳбарони хоҷагиҳо дар вилояти Хатлон


Дар доираи назорати умумӣ Додситонии вилояти Хатлон дар 9 моҳи аввали соли равон беш аз 1200 корҳои тафтишотиро анҷом додааст. Ин нуктаро Саидмурод Қодиров, ҷонишини додситони вилоят, дар як нишасти хабари изҳор намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ин тафтишҳо 917 кас ба ҷазои маъмурӣ 1585 нафари дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ҷонишини додситон гуфт, ки ҳамчунин дар доираи назорати умумӣ 247 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки бештари онҳо феълан равонаи додгоҳ шудаанд.

Оқои Қодиров афзуд, ки додситонии вилоят дар ин давра ба давлат 18 807 220 сомонӣ маблағи зарари ба он расонидашуда баргардонида шудааст.

«Муайян гардид, ки баъзе роҳбарон ва масъулони хоҷагиҳои домдорӣ натанҳо ба дуздии чорво мусоидат кардаанд, балки дар чанд маврид худ низ дар ин корҳо ҳамроҳ будаанд» - гуфт Саидмурод Қодиров ва илова кард, ки дар робита ба ин ҷиноятҳо додситонӣ ҳамакнун 8 парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

XS
SM
MD
LG