Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сад сури арӯсӣ дар Кӯлоб бо мадади "Имом Хумайнӣ"


Яке аз маъракаҳои муштараки арӯсии навҷавонон дар соли 2005.

Яке аз маъракаҳои муштараки арӯсии навҷавонон дар соли 2005.

Дар нимаи дуввуми моҳи ноябр бо мадади як созмони хайрия дар як рӯз дар минтақаи Кӯлоб муштаракан сад сури арӯсӣ барпо хоҳад шуд.

Дар ин бора раҳбари намояндагии Кумитаи имдоди ба номи Имом Хумайнӣ дар Кӯлоб Абдуғаффори Солеҳ ба хабаргузории "Авесто" иттилоъ додааст. Ба гуфтаи кормандони ин ниҳоди хайрия, ба ҳар яке аз ҷуфтҳои нав ба маблағи сеҳазордолларӣ ҷиҳози зиндагӣ тақдим мешавад.

Ҷаноби Солеҳ гуфтааст, аксарияти ҷавонон ва духтароне, ки дар ин рӯз зимни ин барнома издивоҷ мекунанд, аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд. Созмони мазкур бори чандум аст, ки чунин арӯсиҳои якҷояро баргузор мекунад ва то ҳол зиёда аз 1000 нафар аз кӯмакҳои ин барнома истифода кардаанд. Гуфта мешавад, маросими навбатӣ бо риояти қонунҳои нави танзими расму оинҳо ҷараён хоҳад ёфт.

Тибқи одат тӯйҳои арӯсӣ дар Тоҷикистон бо хароҷоти зиёди тарафи домод ва арӯс барпо мешаванд, ки хонаводаҳои нодор аз ӯҳдаи иҷрои ин талабҳои суннатшуда баромада наметавонанд.
XS
SM
MD
LG