Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хостори оштӣ бо Арманистон шуд


Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба муколама ва оштӣ бо Арманистон даъват кард, вале афзуд, ки қадами аввал бояд аз Ереван бошад. Ишораҳои Эрдуғон ба масъала имрӯз дар нашри аврупоии "Wall Street Journal" дар ҳоле ба нашр расиданд, ки Конгресси Иёлоти Муттаҳида тасдиқи қатъномаеро дар назар дорад, ки қатлиоми арманиҳоро аз тарафи туркҳои усмонӣ дар давраи Ҷанги ҷаҳонии аввал маҳкум мекунад. Анкара формулбандии ин санад ва истилоҳи "наслкушӣ" ё "генотсид"-ро қабул надорад. Туркия ҳушдор додааст, ки қатъномаи тавсияомез метавонад, ба равобити байни ду узви НАТО зарба занад.

XS
SM
MD
LG