Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурӯҷи бемории сил дар Кӯлоб


Ба иттилоъи сардухтури санитарии минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов, тайи 9 моҳи соли 2007 дар ҳудуди ноҳия ва шаҳри Кӯлоб 278 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар давоми соли гузашта шумори ба қайд гирифташудагон дар ин ноҳия ҳамагӣ 172 нафар будааст.

Вай афзуд, дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, бахусус дар Восеъ, Ҳамадонӣ, Данғара, Фархор ва Муъминобод, низ бемории сил ахиран вусъат ёфтааст. Ба гуфтаи вай, шумори умумии беморони ахиран ба қайд гирифташуда дар тамоми минтақа 761 нафарро ташкил намудааст.

XS
SM
MD
LG