Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти барномаи омӯзишии PEAKS


Ин барнома заминаҳои ислоҳот дар риштаи маорифро омода кард ва қарор аст, ҳамкории судмандро дар шаклҳои дигар идома диҳад.

Барномаи тақвияти иштирок, густариши таҳсил ва амиқрафти дониш (PEAKS), ки аз тарафи Бунгоҳи рушди байналмилалии ИМА (USAID) маблағгузорӣ мешуд, дар ҳамоише дастовардҳои асосӣ ва тавсияҳои стратегии худро дар соҳаҳои бозомӯзии муаллимон, идораи мактаб ва маблағгузории таҳсил баргузор кард. Дар он намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва молия, институтҳои такмили ихтисоси муаллимон, донорҳои асосии риштаи маориф ва дигар саҳмгузорони лоиҳа ба монанди мудирони мактаб ва омӯзгорон ширкат ҷустанд.

Ин барнома дар Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон аз соли 2003 то соли 2007 амалӣ гардида, ба ҳар яки онҳо дар талоши расидан ба таҳсили баландпоя барои талабагони мактаб аз тариқи ташаккули усулҳои таълим, ҷалби падару модарон ва ҷомеа ба тасмимгирифо дар риштаи омӯзишу парвариш, тақвияти молӣ ва идории маориф мадад кард. Баҳри фароҳам овардани заминаҳои ислоҳоти маориф, барномаи PEAKS дар Тоҷикистон шабакаеро иборат аз 5 маркази бозомӯзониши муаллимон таъсис дод. Онҳо дар заминаи мактабҳои муайян ташкил шуда, барои мактабҳои атроф ҳамчун намуна ва марказҳои омӯзиш хидмат мекунанд. Ин мактабҳо шеваи замонавии дарсдиҳӣ, идора ва ҳамкории мактабу ҷомеаро намоиш дода, бо 49 мактаби атроф, ки ҳам дар шаҳру ва ҳам дар деҳот воқеъ ҳастанд, ҳамкорӣ доранд. Лоиҳаи мазкур омӯзиши 1100 муаллим ва маъмури маориф таъмин карда, ба мактабҳо беш аз 21 000 маводи зарур тақсим кард ва дар тармими 27 мактаб ширкат дошт.

Барномаи PEAKS ба Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисоси муаллимон барои пешрафти бозомӯзии муаллимон дар кишвар аз тариқи таҳияи маводи омӯзишӣ ва таълими кормандони ҳукуматӣ кӯмаки фаннӣ расонд. Ба воситаи барномаҳои хурдтар дар Кӯлоб ва ХатлонPEAKS ҳамчунин дар ислоҳи молии таҳсилот нақши асосӣ бозида, тарзи бабобар ва самараноки истифодаи маблағҳоро дар соҳаи маориф таъмин намуд. Дар натиҷа, ҳукумати кишвар ҳам ин ислоҳотро дар 19 ноҳияи дигари кишвар ба роҳ монд ва нақшаҳои васеътари ояндаро пайрезӣ кард.

Зариф Шарифов, мудири шӯъбаи назорати Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, “механизми нави маблағгузорӣ ба тазмини адолат дар тақсими захираҳо кӯмак намуд ва ба мактабҳо дар идораи буҷаи худ мустақилияти бештар дод. Мо дар ҳамкорӣ бо USAID/ PEAKS умед дорем, ки ислоҳоти маблағгузории омӯзишу парваришро дар саросари кишвар то соли 2010 амалӣ хоҳем кард."

XS
SM
MD
LG