Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба сохтмони НБО-и "Ёвон" мухолиф нест


Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон бо ирсоли як номаи ҷавобии расмū ба ҷониби Тоҷикистон барои баррасии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Ёвон" дар дарёи Зарафшон изҳори омодагū намудааст. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифū иттилоъ додааст. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Ёвон" дар назар буд моҳи марти соли равон аз сӯи ширкати Синоҳидрои давлати Чин оғоз гардад, вале ин ширкат, бо ишора ба адами шароити роҳи нақлиёти автомобилū то мавзеъи сохтмони нерӯгоҳ, огози сохтмонро ба муддати номуайян ба ақиб партофт. Аксари коршиносони тоҷик сабаби ин батаъхирандозиро ба мухолифатҳои ҷониби Узбакистон рабт медоданд.

XS
SM
MD
LG