Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати зиёда аз 130 нафар дар таркишҳои Карочӣ


Беш аз 130 нафар дар таркишҳо дар масири ҳаракати сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто дар Карочӣ кушта шуданд.

Мақомоти давлати Покистон мегӯянд, ба хонуми Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон, ки рӯзи 18-уми октябр ба ватанаш баргашт, осеб нарасидааст. Ҳамлаҳо дар ҳоле рӯй доданд, ки корвони мошинҳои ӯ аз хилоли Карочӣ ҳаракат мекард ва ӯ пешвозгирандагонашро шодбош мегуфт.

Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар таркишҳоро дар масири роҳи Беназир Бҳутто маҳкум карданд. Президенти Покистон, Парвиз Мушарраф онҳоро "шабехуне ба демократия" унвон кард. Бар асари инфиҷорҳо ҳамчунин садҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале пеш аз бозгашти Бҳутто тундравони исломӣ эълом дошта буданд, ки ӯро ба ҳалокат хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG