Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳои Даҳук аз порламони Туркия розӣ нестанд


Ҳазорон нафар курдҳо дар шимоли Ироқ бар зидди тасмими порламони Туркия дар мавриди анҷоми амалиёти фаромарзӣ бар зидди шуришиёни курд дар қаламрави Ироқ эътироз карданд. Беш аз 5-ҳазор марду зан дар шаҳри курднишини Даҳук дар наздикии марзи Туркия ба хиёбонҳо рехтанд ва ба суи дафтари Созмони Миллали муттаҳид дар ин шаҳр раҳпаймоӣ карданд. Нируҳои артиши Туркия баъд аз тасвиби ин санад ҳоло аз порламони кишвари худ барои анҷоми амалиёт бар зидди шуришиёни курд дар қаламрави Ироқ иҷоза дарёфт кардаанд
XS
SM
MD
LG