Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Фаронса аз занаш ҷудо шуд


Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса ва занаш Сицилия баъд аз ёздаҳ соли хонадорӣ аз ҳам талоқ гирифтанд. Як мақоми расмӣ аз дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ҷудоии онҳо бо майли ҳар ду ҷониб сурат гирифтааст ва онҳо ҳозир нестанд дар бораи ҷузъиёти талоқ тавзеҳот диҳанд. Ҳар ду ҷониб дар бораи талоқ санади лозимаро имзо кардаанд. Дар гузашта сару садоҳо вирди забонҳо буд, ки онҳо чандон майли зиндагии муштарак надоранд.
XS
SM
MD
LG