Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс аз изҳороти Путин нигарон нест


Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико гуфтааст, вай аз изҳороти Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия дар бораи нақшаҳои тақвияти артиши Руссия бо аслиҳаи ҳастаӣ нигарон нест. Гейтс гуфт, Руссия аз арзиши изофии ба даст омада аз афзоиши нархи нафт истифода мекунад, то артиши худро муҷаҳҳаз созад. Ба гуфтаи вазири дифоъи Амрико, Путин мехоҳад бигуяд, ки Руссия дар ҷаҳон метавонад нақши аслӣ дошта бошад. Вале Руссия танҳо даҳ дарсади масорифи низомии Амрикоро дар бахши низомии худ масраф мекунад.
XS
SM
MD
LG