Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар интиқоли аслиҳа ба Толибон даст дорад?


Генерал Мак Дан Нейл-фармондефи аршади нируҳои НАТО дар Афғонистон гфтааст, вай бовар надорад, ки низомиёни Ирон аз интиқоли ғайриқонунии аслиҳа тавассути марзи Афғонистон бехабар бошанд. Генерал Нейл дар Кобул дар ин бора ба интиқоли миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ишора кард, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ нируҳои НАТО онро дар вилояти Ҳирот-минтақаи ҳаммарз бо Ирон боздошт карданд. Ба эҳтимоли зиёд ин аслиҳаву муҳимот ба нируҳоли Толибон фиристода шуда буд. Вай таъкид кард, ки ин миқдор аслиҳаву муҳимот барои интиқол ба Афғонистон дар Ирон борбандӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG