Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумруки тоҷик мегӯяд, бо Тошканд мушкил надоранд


Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар муносиботи гумрукии ин кишвар бо Узбакистон мушкиле вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки идораи гумруки Панҷакент аз эҷоди мавонеъ дар воридоти таҷҳизоти фаннии корхонаи тиллои «Зарафшон» аз сӯйи гумруки Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунад.

Хадамоти марказии гумруки Тоҷикистон аз мушкили эҷодшуда дар нуқтаҳои гумрукии Панҷакент изҳори бехабарӣ кард. Неъматбой Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук мегӯяд, дар аксари маворид мушкили гумрукӣ дар марзи Узбакистон бо тақсири соҳибкорони тоҷик ба миён меояд.

Ӯ гуфт: «Ҳар як кишвари транзитӣ қонуну қоидаҳои интиқолии худро дорад, аз ин рӯ соҳибкорони тоҷикро мебояд барои ҳарчи зудтар гузаштани ин муқаррарот омода бошанд. Аксар вақт такмил набудани ҳуҷҷатҳо, тафтишу санҷиши иловагӣ, ки аз ҷониби гумрукиёни Узбакистон сурат мегирад, боиси нороҳативу норозигии соҳибкорон мегардад. Аммо дар маҷмӯъ, миёни мақомоти гумруки Тоҷикистону Узбакистон масоили ҳалнашаванда вуҷуд надоранд»

XS
SM
MD
LG