Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА донишҷӯи тоҷик ҳалок шуд


Полиси аёлати Небраскаи ИМА иттилоъ медиҳад, ки субҳи ҳабдаҳуми октябр бар асари тасодуми мошин донишҷӯи 23-солаи тоҷикистонӣ Фарҳод Чолбобоев ба ҳалокат расид. Номбурда дар Донишгоҳи Белевюи Небраска таҳсил намуда, дар шаҳри Омаҳаи ин аёлат иқомат дошт. Ба қавли полис Чолбобоев аснои ҳаракат бо мошини Нисан Максима хатти миёнаи роҳро убур намуда, бо мошини боркаш бархӯрди рӯ ба рӯ намуд. Чолбобоев дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд, вале ронандаи мошини боркаш Брайан Ҳофмейстери 39-сола, ки дар шаҳри Линколни Небраска ба сар мебарад, баъди муолиҷа дар шифохонаи маҳаллӣ ба хонааш интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG