Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори президенти Озарбойҷон бо ҳайъати Тоҷикистон


Имрӯз раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳайати тоҷикистонӣ бо сарпарастии вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асроровро қабул намуд.

Ҳайати густурдаи тоҷикистонӣ, иборат аз ҳунармандон ва санъаткорон, ахиран барои баргузории рӯзҳои фарханги тоҷик дар Озарбойҷон вориди ин кишвар шуд.

Илҳом Алиев ҳини сӯҳбат бо Мирзошоҳрух Асроров изҳор дошт, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба таҳкими равобит ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъсири хуб хоҳад расонд.

Рӯзҳо фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон рӯзи 17 октябр шуруъ шуд ва чаҳор рӯз идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG