Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо дар вилояти Суғд дар тӯли нӯҳ моҳи соли равон 255 адад силоҳи оташфишон аз дасти сокинони устон ва махфигоҳҳо мусодира шудаанд.

Умдатарини ин аслиҳа як гранатомет ва се адад мусалсал дар миёнаҳои соли равон аз махфигоҳ дар ҳавлии як сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара дарёфт карда шудааст.

Ба гуфтаи масъулини идораи умури дохилаи Суғд, дар моҳи майи соли гузаштаи 2006 гурӯҳи мусаллаҳи ҳамлавар аз қароргоҳи марзбонон дар Исфара ҳабдаҳ адад силоҳи мусалсалро рабуда буд.

Аммо таҳлилгарони Суғд дар бораи манобеъи аслиҳа меафзоянд, ки теъдоде аз он аз давраи ҳамлаи мусаллаҳонаи дастаҳои Маҳмуд Худойбердиев – сарҳанги шӯришӣ дар соли 1998 ба устони Суғд боқӣ мондааст, ки қисме аз силоҳҳои худро натавонистанд бо худ бубаранд ва дар махфигоҳҳову дар дасти нафарони алоҳида гузоштанд.

Аммо идораи умумри дохилаи Суғд мегӯяд, ки аслиҳаи имсол мусодирагардида, ба ҷуз аз як гранатомет ва панҷ мусалсал, боқӣ силоҳҳои оташфишони рахпеч ва суфтамил мебошад.

Қисме аз онҳоро одамон ба тариқи ихтиёрӣ супурдаанд, аммо қисми дигари он зимни амалиёти кормандони интизомӣ дар дасти афроди ҷиноятпеша ва махфигоҳҳо ошкор ва мусодира шудааст.

Идораи умури дохилаи Суғд дар нуҳмоҳаи авали соли равон дар робита ба нигаҳдошт ва муомилаи ғайриқонунӣ бо силоҳи оташфишон 15 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ҳамин давра дар устони Суғд чаҳор ҷиноёти вазнин, аз ҷумла куштори инсон бо истифода аз силоҳи оташфишон сурат гирифтааст.

Дар нуҳмоҳаи аввали соли гузаштаи 2006 кормандони интизомии Суғд аз дасти сокинон ва аз пинҳонгоҳҳо 291 адад силоҳи оташфишон ҷамъ оварда буданд.

XS
SM
MD
LG