Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз ҷоизаи Далай Лама ба ғазаб омадааст


Чин мегӯяд, имрӯз сафири ИМА дар Пекин Кларк Рандт фаро хонда шуд ва мақомоти ин кишвар ба ӯ эътирози шадид дар робита бо тақдими ҷоиза ба Далай Ламаро баён намуданд. Ба қавли вазорати корҳои хориҷии Чин ин амал дахолат дар умури дохилии Чин мебошад. Ҳамзамон ба гуфти ҷониби Чин амали Вашингтон ба эҳсоси мардуми ин кишвар ва равобити Чину ИМА латма мезанад. Дар паи шӯриши нокоми соли 1959 бар зидди коммунистон Далай Лама-пешвои буддоиҳои Тибет, ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуд. Дирӯз дар бинои Конгресси ИМА ба Далай Лама медали тиллои конгресс тақдим шуд. Чин Далай Ламаро ҷудоихоҳ меномад.

XS
SM
MD
LG