Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбонони гурҷӣ афсари гумруки абхозиро куштанд


Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон мегӯяд, рӯзи чоршанбе дар натиҷаи бархӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони Гурҷистон ва Абхозистон як афсари гумруки абхозиҳо ба қатл расид. Ба қавли вазорат марзбонони гурҷӣ кӯшиш доштанд, аз интиқоли мошини рабудашуда ба қаламрави Абхозистон ҷилавгирӣ кунанд. Ба қавли ҷониби гурҷӣ афсари абхозӣ ба тарафи марзбонон оташ кушод. Гуфта мешавад, ки бо оташи ҷавобӣ марзбонон афсари абхозиро ба қатл расонданд. То ҳанӯз Абхозистон дар бораи ин ҳодиса чизе нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG