Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нато: Эрониҳо ба Афғонистон аслиҳа мефиристанд.


Фармондеҳи воломақоми паймони Нато дар Афғонистон изҳор намуд, ки моҳи гузашта сарбозони зери фармондеҳии ӯ аслиҳаву маводи таркандаи аз Эрон ба Афғонистон содиршударо кашфу мусодира намуданд. Генерали амрикоӣ Дан Макнейл низомиёни эрониро бо даст доштан дар ин амал муттаҳам карда, афзуд, ки корвони аслиҳа дар ғарби Афғонистон мусодира шуд.

Хабари дигар аз Афғонистон ин аст, ки имрӯз бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар манотиқи ҷанубу шарқи Афғонистон чор афсари полис ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG