Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми футбол ба "Парвоз" рафт


Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2007 гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Голи ҳалкунандаро дар дақиқаи 58-уми дидор Ҷомихон Муҳиддинов ба самар расонд.

Тими «Парвоз» барои дуввумин бор аст, ки соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид. Вале дастаи «ХИМА», ки паиҳам ду соли ахир ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт, аз ҷоизаи олии футболи кишвар бенасиб монд.

XS
SM
MD
LG