Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ҷонибдори ҳалли дипломатии баҳс бо Эрон аст


Дар масъалаи барномаи ҳаставии Эрон президенти Русия ҷонибдори ҳалли дипломатии баҳс мебошад.

Имрӯз президенти Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи мустақим тариқи радиову телевизиони кишвараш ба суолҳои мардум посух дод. Суолҳо аз масъалаи коҳиши саршумори аҳолии Русия то ширкати Путин дар ҳаёти сиёсии ин кишвар баъди интихоботи президентии соли 2008-умро дар бар мегирифт.

Путин ҳамчунин гуфт, интишори хабари тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони ӯ дар ҷараёни сафари Теҳрон чизе бештар аз кӯшиши барҳам задани ин зиёрати таърихӣ набудааст.

Дар иртибот бо таҳкими низоми мудофиаи Русия Путин гуфт, аз ҷумла зарур аст, ки имконоти силоҳи ҳаставии ин кишвар боло бурда шавад.

Президенти Русия амалиёти ИМА дар Ироқро танқид намуда, иброз дошт, ин ҷанг гувоҳи он аст, ки кишварҳои сарватманд ба тақвияти имконоти дифоӣ эҳтиёҷ доранд.

Бар пояи гузориши Кремл мардум беш аз як миллион суолро ба президент Путин матраҳ намуданд.
XS
SM
MD
LG