Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шатранҷ. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни шатранҷбозони то 20-сола дар шаҳри Еревани Арманистон бо ғалабаи Адлӣ Аҳмад аз Миср ба анҷом расид. Шатранҷбозони Русия Иван Попов ва Дмитрий Андрейкин мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб карданд. Дар сабқати духтарон Вера Неболсина (Русия) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Шатранҷбози лаҳистонӣ Иоланта Завадска дар ҷои дувум ва Саломе Мелия аз Гурҷистон дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Бокс. Султон Иброҳимов, варзишгари ҳирфаии Русия, ки дар Кохи варзиши «Мегаспорт»-и шаҳри Маскав бар Эвандер Ҳолифилди амрикоӣ аз рӯи холҳо пирӯз шуд, унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар вазни сангинтаринро ба ривояти Созмони ҷаҳонии бокс нигаҳ дошт.

Гуштии камарбандӣ. Самандар Эрназаров, паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон дар вазни 100 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ба медали тило Роман Юсупов аз Русия ва ба медали нуқра ба Заур Нуриев аз Молдова соҳиб шуданд.

Армрестлинг. Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни сангинтарин миёни варзишгарони маълул ду медали биринҷӣ ба даст овард. Дар 29-умин давраи ин мусобиқот дар Булғористон наздики 2000 варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Футбол. Ҷоми Тоҷикистон. Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар бозии ниҳоӣ бар «ХИМА»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2007 гардид.

Олимпиада-2008. Бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи ниҳоии мусобиқоти интихобии Олимпиада-2008 оид ба футбол бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: гурӯҳи «А»: Лубнон – Австралия – 0:0, Кореяи шимолӣ – Ироқ – 0:0; гурӯҳи «В»: Баҳрайн – Узбакистон – 2:0, Сурия – Кореяи ҷанубӣ – 0:0; гурӯҳи «С»: Арабистони саъудӣ – Вйетнам – 2:0, Қатар – Ҷопон – 2:1.

"Аврупо-2008". Дастаи мунтахаби Русия дар бозии интихобии Ҷоми футболи Аврупо-2008 дар шаҳри Маскав бар дастаи мунтахаби Инглистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

Футболи занон. Дастаи мунтахаби занонаи Кореяи шимолӣ қаҳрамони футболи Осиё байни духтарони то 19-сола гардид. Дар бозии ниҳоӣ ин даста ҷопониҳоро бо натиҷаи 1:0 шикаст дод. Дастаи мизбон – Чин, ки бар тими Кореяи ҷанубӣ пирӯз шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.

XS
SM
MD
LG