Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Беназир Бҳутто


Беназир Бҳутто: "Ман ба Покистон демократияро хоҳам овард!"
Беназир Бҳутто: "Ман ба Покистон демократияро хоҳам овард!"

Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон ва яке аз сарони мухолифини ин кишвар, имрӯз ба ватанаш бармегардад.

Хонум Бҳутто ҳанӯз 11 сол пеш аз мақоми сарвазирӣ барканор шуда, тайи 8 соли ахир, аз замони ба сари раҳбарияти Покистон омадани Парвиз Мушарраф дар хориҷ аз Покистон ба сар мебурд. Бозгашти ӯ ба ватан танҳо баъди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки бори дувум ба фоидаи Мушарраф анҷом ёфт, имконпазир гардид.Беназир Бҳутто бузургтарин ташаккули мухолифини ин кишвар, ки 8 сол боз дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар ҳиҷрат ба сар мебарад, эълон кард, ки 18-уми октябр ба ватан бармегардад. Беназир Бҳутто, ки рӯзи чоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Дубай бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки ӯ бо худ демократияро ба Покистон хоҳад бурд: «Баъди 11 сол, бозгашти ман барои мардуми Покистон маънии бозгашт аз диктатура ба сӯи демократия, аз истисмор ба сӯи соҳибихтиёрӣ ва аз хушунат ба сӯи осоишро хоҳад дошт».

Бозгашти Беназир Бҳутто ба Покистон дар пешорӯи интихоботи саросарии парлумонии он кишвар, ки қарор аст, моҳи январи соли оянда баргузор шавад, сурат мегирад. Аммо ин бозгашт ба хонум Бҳутто танҳо баъди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Покистон, ки рӯзи 6 октябр бо пирӯзии раҳбари феълии кишвар Парвиз Мушарраф анҷом ёфт, муяссар шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моҳи сентябр сарвазири дигари пешини ин кишвар Навоз Шариф низ талош карда буд, ба хотири ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ баъди 6 соли ҳиҷрат ба ватан баргардад, аммо мақомоти Покистон ӯро баъди ҳамагӣ чанд соат аз қаламрави кишвар ба Арабиситони Саудӣ ихроҷ карданд.

Беназир Бҳуттои 54-сола, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ду дафъа ба симати сарвазирии Покистон расида буд, ҳанӯз соли 1996 бо ин курсӣ падруд гуфта буд. Аммо ӯ то кунун аз бонуфузтарин занони сиёсатмадори ҷаҳон боқӣ монда, нахустин занест, ки раҳбари як кишвари мусалмонӣ шудааст.

Қарор аст, Беназир Бҳутто аз роҳи Карочӣ, бузургтарин шаҳри кишвар, вориди Покистон шавад. Хабаргузории «Франс-пресс» аз қавли мақомоти амниятии Покистон навишт, ки рӯзи панҷшанбе барои таъмини амният дар ҷараёни истиқбол аз хонум Бҳутто ҳудуди 10 000 корманди пулис ва ниҳодҳои шибҳинизомӣ басиҷ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG