Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Буш аз афзоиши равобити Русияву Эрон


Ахиран раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш ҳангоми суханрониаш дар нишасти матбуотии Кохи Сафед аз мизони афзояндаи равобити миёни Русияву Эрон изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳамкориашро бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба хотири безарарсозии барномаи ҳастаии Эрон идома хоҳад дод. Изҳороти мазкур баъди мулоқоти раҳбарони Эрону Русия дар Теҳрон садо дод, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои соҳили дарёи Хазар ҷараён гирифт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Владимир Путин мавқеъи худро равшан карда изҳор намудааст, ки Русия мухолифи ҳама гуна иқдоми низомии ИМА зидди Эрон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG