Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти имрузи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо


Имруз мулоқоти дурузаи раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар Лисбон-пойтахти Портуғол ба кори худ оғоз мекунад. Дар дастури рузи мулоқот баррасии аҳдномаи Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба чи гунагии фаъолияти ин иттиҳодия дар даҳсолаи оянда қарор дорад. Итолёву Бритонё ва Лаҳистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки мехоҳанд дар ин аҳднома тағирот ворид шавад. Ин аҳднома ҷойгузини Қонуни Асосии Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд. Ин Қонунро соли 2004 раҳбарони Иттиҳодия ба тасвиб расонданд, вале Фаронсаву Ҳолланд онро напазируфтанд.

XS
SM
MD
LG