Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш аз Чин хост Ламаро ба Ватанаш даъват кунанд


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико аз раҳбарони Чин хост , ки Далай Лама-раҳбари руҳонии Тибетро ба Чин даъват кунанд. Буш Далай Ламаро самбули сулҳ, таҳаммулу шикебоӣ, тақводори қаввӣ ва нигаҳдорандаи оташи ниёгон барои мардумаш арзёбӣ кард. Ҷорҷ Буш ин суханонро дар бинои Конгресси Амрико баён дошт, дар биное, ки Далай Лама Медали Тиллоии пурифтихори Конгессро дарёфт кард. Давлати Чин ин буддоии 72-соларо ба унвони як ҷудоиталаби Тибет мешиносад ва борҳо бар зидди ин ҷоизаи Конгресси Амрико ба Лама изҳори ақида карда буд.

XS
SM
MD
LG