Пайвандҳои дастрасӣ

Буш аз наздикии Эрону Русия нигарон нест


Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар нишасти матбуотии Кохи Сафед гуфт, ки аз мизони афзояндаи равобити миёни Русияву Эрон нигарон нест.

Вай гуфт, ҳамкориашро бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба хотири безарарсозии барномаи ҳастаии Эрон идома хоҳад дод.

Изҳороти мазкур баъди мулоқоти дирӯзаи раҳбарони Эрону Русия дар Теҳрон садо дод, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои соҳили дарёи Хазар ҷараён гирифт.

Дирӯз Владимир Путин мавқеи худро рӯшан карда гуфт, ки Русия мухолифи ҳама гуна иқдоми низомии ИМА зидди Эрон хоҳад буд. Дар нишасти сарони кишварҳои соҳили Хазар дар Теҳрон, Путин гуфт, ки ҳатто андешаи истифодаи нирӯ дар минтақа набояд ҷо дошта бошад.

Дар эъломияи ниҳоии ин нишаст гуфта шуд, ки ҳеҷ як кишвари дигар ҳақ нахоҳад дошт қаламрави давлатҳои соҳили Хазарро барои ҳамла болои кишвари сеюм истифода кунад.

XS
SM
MD
LG