Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт ба Маскав меояд


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт рӯзи 18 октябр дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.

Дафтари Олмерт бо нашри ин сафари ғайримунтазираи нахуствазир ба Маскав мегӯяд, вай ният дорад, бо раисҷумҳури Русия "як идда масоили минтақаӣ, аз ҷумла ҷараёни сулҳ бо Фаластин, таҳдидҳои Эрон ва инчунин талоши Ҷумҳурии Исломӣ барои доштани аслиҳаи ҳастаиро" баррасӣ кунад.

Қарор аст, ки баъди анҷоми ин нишаст Эҳуд Олмерт дафъатан ба Исроил баргардад.

XS
SM
MD
LG